Барои араки таи каш кадом дору фоида дорад

  • Email
  • Tweet

Одамият дар хамаи давру замон барои бех гадонидани хиссиёти мардонаги чора мечуст. Юнонихо хатто барои он номгузори хам карда буданд- афродизиаки, ки номи худои юнони Афродитаро ба ёд меорад. Дар онхо гизои баланд гардонидани хис мавкеи мухим дошт. Афродиакхо дар навбати худ чор функсияро ичро мекунанд: онхо хисси шахвониро меангезанд, организмро чавон мекунанд, вазифахои муоширатро дастгири мекунанд ва хиси шахватро бештар мекунанд. Аз кадим гуфта мешуд, ки барои муоширати фаъоли мардон ва барангезонидани хисси онхо гизохои муфид, ки дар таркибашон маводхои ангезонанадаи хиссиётро доранд, бояд истеъмол шаванд . Дар Аврупо ва Америкаи Шимоли бошад, тухми хом ва чормагзро барои афзудани кувваи марди хеле хам муфид мепиндоранд. Аммо дар Шарк бошад гизохои экзотики ба мисли хуни мор ва тухмдони хайвонотро бедоркунандаву афзояндаи хисси мардонаги эътироф кардаанд.

Бехтарин шеъре, ки аз ду лаб барояд буса аст

Бояд чи гуна гизоро барои муоширати фаъол ва танзими хисси шахвони истеъмол кард ?

-Ҷаноби Брайн, чӣ боде шуморо ба Тоҷикистон овард?

-Албатта дар ибтидо мушкилот зиёд буд.

-Кор бе мушкилӣ намешавад. Дар зинаи аввал мо бояд бо касбият, муомилаи хуб сазовор ба эътимоди беморон мешудем. Набудани таҷҳизоти муосири тиббӣ ҳам монеаҳо эҷод мекард. Ибтидо мо қатори дигар таҷҳизот як дастгоҳи лазерие ворид намудем, ки барои ташхиси бемории оби марворид (глаукома), ки манбаи асосиаш бемории диабети қанд, фишорбаландӣ ва ирсият аст, муҳим буд. Ин дар Осиёи Миёна ягона аст. Дар ин самт моро Вазорати тандурустии Тоҷикистон, мутахассисони тоҷик сахт дастгирӣ намуданд.

-Магар усули табобат дар Амрико аз Тоҷикистон фарқ намекунад?

-Усули табобат -аслан дар ҳеҷ кишвари дунё хоҳ Амрикост, хоҳ Аврупою Ҳиндустону Эрону Русия аст, фарқияти зиёд намекунад. Аммо муносибат ба пешниҳоди тарзи табобат фарқ мекунад. Мо табибон хоҳ хориҷӣ бошем, хоҳ тоҷикӣ маводҳои дорувориеро дар рафти табобати худ ба мизоҷонам истифода мекунем, ки ба талаботи умумиҷаҳонии тандурустӣ ҷавобгӯ бошад.

-Пас, шумо доруҳоро аз Амрико меоред?

-Не. Аз дорухонаҳое, ки дар Тоҷикистон ҳастанд, истифода мекунем. Вале дақиқ месанҷем. Ба нафароне, ки имконияти аз Европа, Ҳиндустон, Русия харидорӣ кардан доранд, монеъ намешавем.

— Шумо бо дармонгоҳҳои чашми Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар ҳамкорӣ доред?

-Бале. Бо духтурон, кормандони Вазорати тандурустӣ машварат мекунем. Кор бе ҳамкорӣ намешавад. Баъзе хизматрасониҳое, ки дар мо ҳаст, дар дигар дармонгоҳ нест. Аз ҷумла, ҷарроҳии шабакия ва пардаи чашмро тавсия медиҳем, ки дар дигар клиникаҳо ба анҷом расонанд, зеро мо ҷарроҳӣ намекунем. Дар баъзе клиникаҳо дастгоҳи лазерӣ нест, беморонашонро ба мо мефиристанд. Мо доруҳоеро тавсия медиҳем, ки тадқиқот гузаронида шудаанд ва натиҷаи дилхоҳ додаанд. Он чизеро, ки фоидабахш буданашро намедонем, тавсия намедиҳам.

-Дар клиникаи шумо чанд нафар духтурон фаъолият мекунанд?

-Мо ду нафар духтурони хориҷӣ ҳастем. Дар баробари мо духтурони тоҷик ва ҳамшираҳои шафқат кор мекунанд.

-Ҳар минтақа, кишвар бемориҳои ба худ хос дорад. Хоси Тоҷикистон кадом бемориҳои чашм аст?

-Дар Тоҷикистон пардаи чашм (катаракта) бештар ба қайд гирифта мешавад. Заминаи пайдо шудани ин беморӣ диабети қанд, фишори баланди хун, маҳкам шудани рагҳои қафои чашм, илтиҳоби чашм, оби марворид (глаукома) шуда метавонад. Дар миёни кӯдакон бошад, каҷшавӣ- олусии чашм бештар аст.

-Сабабҳои олусии чашм кадомҳоянд?

-Асосан модарзодӣ аст.

-Бемориҳои чашм дар Амрико аз Тоҷикистон фарқ мекунанд?

-То замоне ки ба кор шурӯъ накарда будам, фикр мекардем, ки фарқ дорад. Вале воқеият ночизии фарқиятро собит намуд. Масалан, дар Хитой, Япония як намуди глаукома аст, ки дар Аврупову Амрико ва Тоҷикистон кам вомехӯрем. Як намуди микробе, ки дар Ҳиндустон, Африқо вуҷуд дорад, дар кишвари шумо тамоман нест. Глаукомае, ки дар Тоҷикистон зиёд ҳаст, глаукомаи псевдоэксфолиативӣ ном дорад. Баъзе намудҳои илтиҳоби чашм, ки дар Осиёи Миёна зиёд аст, хусусияти ирсӣ доранд.

-Зиёду кам шудани нури чашм ба чӣ вобастагӣ дорад?

-Омилҳо зиёданд. Аз ҷумла синну сол. Вақте пардаи чашм ғафстар шуда, андоза ба тарафи манфӣ (-) меравад, шаҳодат аз пайдоиши катаракта медиҳад. Дар кӯдакон пайдо шудани ин ҳолат хеле паёмадҳои нохуб дошта, оҳиста-оҳиста қувваи биноӣ кам мешавад.

-Чаконидани дору ба биноиши чашм таъсири мусбат мерасонад?

-Вобаста ба беморӣ аст. То имрӯз илми тиб ягон доруеро ихтироъ накардааст, ки ба ҳамаи беморон таъсири якхела расонад ё пурра бемориро аз байн барад. Ҳар бемориро вобаста ба шакл ва хусусияти он, доруҳои тадқиқотшударо тавсия медиҳем, то ки ин натиҷаи дилхоҳ ба даст орем. Ҳатто бемориҳое ҳастанд, ки ягон дору фоида намекунад.

-Омилҳое, ки сабаби гирифтори ба бемориҳои чашм мешаванд, кадоманд?

-Диабети қанд қувваи босираро кам мекунад, ки барои барқарор кардани он худи шахси бемор таъсири мусбат расонида метавонад. Фишори хун низ сабаби гирифторшавӣ ба бемориҳои чашм мешавад. Муътадил нигоҳ доштани қанди хун ва фишори хун, гирифторӣ ба бемориҳои глаукома, маҳкамшавии рагҳои хунгарди қафои чашм ва майнаи сарро пешгирӣ мекунад.

-Бемории гурда ба қувваи босира таъсир мерасонад?

-Агар дар натиҷаи бемор будани гурда тамоми бадан варам кунад, метавонад ҳамон варам қувваи биноиро кам мекунад. Як нуктаи муҳимро бояд қайд намоям, ки агар фишори хун баланд шуд, холестирин ва фишори гурда низ баланд шуда, рагҳои хурди даруни чашм зарар мебинад. Вале дар алоҳидагӣ бемории гурда таъсир намерасонад.

-Ҷигар чӣ?

— Дар ҳолати вазнин будани ҳолати ҷигар , метавонад чашм зарар бинад.

-Аксар одамон шикоят доранд, ки дар қисми сафедии чашмашон як пардаи ғафси хурдҳаҷм пайдо шудааст. Ин беморист?

-Вобаста аз сабаб аст. Бештар аз қисмати наздикии бинӣ сар мешавад. Баъзан вақт оҳиста-оҳиста болои қарния меравад. Агар ба гавҳараки чашм наздик шавад, ҷарроҳӣ лозим аст. Дар сурати хурд будан ва камакак ба сиёҳӣ наздик шуданаш беҳтар аст, нарасед. Зеро дар бисёр маврид баъди ҷарроҳӣ, ҳатто агар раванди ҷарроҳӣ хеле хуб гузашта бошад ҳам, эҳтимолияти дубора пайдо шуданаш вуҷуд дорад. Шояд аз андозаи пештарааш ҳам калонтар шавад. Як намуди дигарро пигмент мегӯянд, ки сиёҳии хурд пайдо шуда, худ ба худ гум мешавад. Вале метавонад ҳаҷман калон шавад. Чунин доғчаҳои сиёҳи хурдҳаҷм дар пӯсти инсон низ дида мешавад ва эҳтимолияти дар чашм пайдо шуданаш низ вуҷуд дорад.


-Вақте ки сар зарба мехӯрад, қувваи бинои якбора гум мешавад, одам чизеро дидан наметавонад. Ин нишони осеб дидани чашм аст?

-Дар ин ҳолат майнаи сар ё асаби чашм зарар мебинанд. Дар натиҷаи зарб хӯрдани худи чашм агар пардаи қафои шабакия аз ҷой беҷой шавад, шояд хун ҷамъ шавад. Дар ин маврид муоинаи духтур ҳатмист.

—Духтурон ба беморони чашм тавсия медиҳанд, ки кори вазнин накунанд. Кори вазнин ба чашм чӣ иртибот дорад?

— Тадқиқотҳо асоснок будани ин тавсияро собит накардаанд.

-Сабаби камшавии бармаҳали қувваи босира кадом аст?

-Норасогии модарзодӣ, дистрофия. Яъне дар аввал биноии кӯдакон хуб аст ва баъзан вақт хира мешавад. Дар баъзе инсонҳо то 20-30 — солагӣ давом мекунад, ки мутаассифона муолиҷа намешавад. Як сабаби дигар камшавии қувваи босира зарб хӯрдани чашм аст.

-Меъёри фишори дохилии чашм (ФДЧ) қувваи босира чанд аст? Агар зиёд ё кам шавад, чӣ паёмадҳо дорад?

-Меъёри муайяншудаи умумиҷаҳонӣ то 21м.м обӣ аст. Аз ин зиёд аллакай баланд аст. Агар пардаи шишамонанди қарнияи чашм тунук бошад, (меъёр 540 — 545 микрометр) 21 аллакай баланд мебошад. Агар асаби чашм зарар дида бошад, фишори дохилии чашм пасттар аз 15 бошад. Ғафсии қарния аз 600 мкл зиёд бошад, меъёр то 24-25м.м.к. аст. Фишори чашм ба асаби босира зарари ҷиддӣ мерасонад, сактаи мағз, омоси мағзи сар, мененгит, энсефалит ба қувваи босираро паст мекунанд.

-Нишонаҳои фишори чашм кадомҳоянд?

-Фишори дохилии чашм дар аввал нишонаи асосӣ ва ягона надорад. Ин хоси оби марвориди намуди кунҷкушода аст. Бемор то дергоҳ намефаҳмад, ки чашмаш фишор дорад. Чӣ хеле қайд кардем, фишори чашм 21-22 аст. Агар ҳамин андоза дар оби марвориди кунҷпӯшида 50 шавад, дард пайдо мешавад. Дар ин ҳолат оҳиста-оҳиста майдони биниш тангтар мешавад. Одамон хеле дер мефаҳманд, ки биноишашонро гум карда истодаанд. Агар оби марворид (глаукома) дар ягон пайванди онҳо бошад, хатари гирифторшавӣ зиёд аст. Чунин нафарон бояд то 40-солагӣ ҳатман фишори чашмашонро санҷанд. Ҳамчунин одамони гирифтори фишори баланди хун, тамокукаш, наздикбин (меопия), дурбин (гипропия), калонсолон бештар моил ба бемориҳои чашм мебошад. Дар намуди глаукомаи кунҷпӯшида фишори чашм якбора баланд шуда, сурхшавии чашм, дилбеҳузурӣ, дард пайдо мешавад.

-Сӯзиш ва сурхшавии чашмро чӣ меноманд ва муолиҷаи он чӣ гуна аст?

-Яке аз сабабҳои сурхшавии чашм хушк шудани оби чашм аст. Дар ин ҳолат сари вақт ба духтур муроҷиат кунед.

-Сабаби хушкшавии оби чашм дар чист?

-Илтиҳоби чашм яке аз сабабҳои хушкшавӣ мегардад. Оби чашм аз се қабат моеъ иборат аст. Қабати якум равған, дуюм об, сеюм мутсин вуҷуд дорад. Аз норасогии яке аз ин моеъҳо хушкии оби чашм ба вуҷуд меояд.

-Бонувон барои тоза кардани рангҳои ороишии чашм маҳлулҳои гуногунро истифода мебаранд. Он ба нури чашм зарар мерасонад?

-Сабаби халта задани зери чашм чист?

-Баъзан модарзодӣ. Дар гирди чашм равғанҳо вуҷуд дорад, ки онро пардаи тунук нигоҳ медорад. Дар ҳолати каме суст шудан ё поён фаромадани парда, равған дар зери чашм ҷамъ мешавад. Дар ҳолати бемор будани гурда низ зери чашм халта мезанад.

-Гиряи зиёд ба чашм зарар дорад, мегӯянд.

— Намедонам. Дар ин маврид тадқиқот вуҷуд надорад.

-Аз рӯи кадом нишонаҳо нобино будани тифли навзодро муайян кардан мумкин аст?

-Аз рӯи бозичаҳо метавонем то кадом андоза фаъол будани қувваи босираи кӯдакро муайян созем. Бозичаро бозӣ медаронем ва мебинем, ки кӯдак ба ҳар ду чашм нигоҳ мекунад ё бо яктоаш. Агар қувваи биноиш кам бошад, ба бозича аҳамият намедиҳад. Барои навзодон усули дигар, яъне равшаниро истифода мебарем. Дастамонро ба чашм наздик мекунем, агар пӯшад, маълум мешавад, ки биноиш дорад. Дар ҳолати каме калон будани кӯдак, шакли бозичаҳоро нишон медиҳем, то ки муайян кунад, се кунҷ дорад ё доирашакл аст, ба ҳамин монанд.

-Аз шахси нобино фарзанди солим ба дунё меояд?

-Албатта. Баъзе сабабҳои нобиноӣ авлодӣ аст, ки ба кӯдакон мегузарад, ҳолатҳое мешавад, ки намегузарад. Пайдо шудани амблиобия дар майнаи кӯдак, сабаби камбиноӣ шуда метавонад. Барои ҳамин бояд сабаби кам будани қувваи босира муайян карда шавад.

-Занҳои ҳомиладор агар зуком шаванд, ба қувваи босираи ҷанин таъсири манфӣ мерасонад?

-Вобаста аз микроб аст. Зукоми одӣ таъсир намерасонад. Микробҳое ба монандӣ рубелла, герпис, сифлис агар дар ин ҳолат ба бадани модар ворид шавад, бетаъсир намегузорад.

-Издивоҷи хешутаборӣ ба қувваи босира таъсир дорад?

-На ҳама вақт. Вале хатари гирифторшавӣ аз никоҳи хешутаборӣ зиёд аст. Зеро намуди дистрофия модарзодӣ аз насл ба насл мегузарад. Дар сурати хешу табор хонадор шудан, ҳам дар мард ва ҳам дар зан аз наслашон боқӣ мондааст ва ба тифли аз онҳо ба дунёомада хавфи зиёди беморӣ зиёд вуҷуд дорад. Каҷшавии чашм ва пайдошавии пигментҳо дар чашм низ аз никоҳи хешутаборӣ бештар пайдо мешавад.

— Дар ҳавои сард, шамол аз чашмони баъзе одамон об меравад. Сабаб чист?

-Сабабҳои гуногунанд. Хушкшавии чашм яке аз сабабҳост, яъне шамол оби чашмро хушк мекунад ва барои барқарор кардани намнокӣ баъзан аз чашм об беист об мерезад.

— Шумо муҷаррадед?

— Не, ҳамсар дорам.

-Ҳамсаратон ба кадом кор машғул аст?

-Ӯ хонашин аст, фарзандонамонро таълим медиҳад.

-Фарзандонатон дар куҷо таҳсил мекунанд?

-Фарзанди калониам дар Амрико дар донишгоҳ таҳсил мекунад. Дуи дигараш дар мактаби миёнаи шаҳри Душанбе . Онҳо ба забони тоҷикӣ, дар мактаби тоҷикӣ таҳсил мекунанд, дар хона ҳамсарам ба англисӣ дарс медиҳад.

RS. Брайн Ле Зерби, духтури бемориҳои чашм, зодаи Амрико мебошад. Давраи кӯдакии ӯ дар Ню Йорк гузаштааст. Хатмкардаи Донишгоҳи тиббии “Rochester” мебошад. Оиладор, соҳиби чор фарзанд аст. Соли 2011 клиникаи “Солимӣ Мед” дар Тоҷикистон бо дастгирӣ ва талошҳои ӯ кушода шуд. Муддати 8 сол мешавад, ки беморону мизоҷони тоҷикро муоина, муолиҷа мекунад.

Пойгоҳи сиёсӣ-фарҳангӣ

  • Ҷаҳони ислом
  • KemyaTV
  • Аҳкоми рӯза
  • Омӯзаҳои қуръонӣ
  • Омӯзаҳои набавӣ
  • Ақоиди исломӣ
  • Наҳҷул-балоға
  • Шиъа ва суннӣ
  • Шарҳи Маснавӣ
  • Разговор с салафитами
  • Ахлоқи писандида
  • Ахлоқи зишт
  • Худшиносӣ
  • Шарҳи Усули Шошӣ
  • Омӯзиши мантиқ
  • Омӯзиши фалсафа
  • Фалсафа
  • Фалсафа ва равиши реализм
  • Фалсафаи ғарб
  • Ирфони назарӣ
  • Ирфони амалӣ
  • Фиқҳи исломӣ
  • Барномаи зиндагӣ
  • Бишнав аз най…
  • Нақду назар
  • Посух ба пурсишҳо
  • Посух ба шубаҳот
  • Таҳлилот
  • Ҷумлаҳои ҳикматомез
  • Ваҳдати исломӣ
  • Ислоҳи динӣ
  • Достон ва ҳикоёт
  • Дуо ва муноҷот
  • Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон
  • Салафият
  • Такфир
  • Забон ва адабиёт
  • Машоҳир
  • Намоз
  • Рамазон
  • Торих
  • Ҷомеа
Sarbadar к записи Тамос

Маҳмудҷон Файзраҳмон… к записи Маҳмудҷон Файзраҳмон: “Мо дар…
Mehrob к записи Ансоруллоҳи Яман ба Арабистон…
Кимиёи саодат к записи Сомонаи Ахбор феҳристи шуморе…
fakhriddin к записи Сомонаи Ахбор феҳристи шуморе…
fakhriddin к записи Сомонаи Ахбор феҳристи шуморе…
Кимиёи саодат к записи Сомонаи Ахбор феҳристи шуморе…
fakhriddin к записи Сомонаи Ахбор феҳристи шуморе…
Шамшод к записи Посух ба пурсишҳои шумо
Кимиёи саодат к записи Посух ба пурсишҳои шумо
Шамшод к записи Посух ба пурсишҳои шумо
МуҳаммаАлӣ к записи Бо ин ҷанг, Арабистон қабри ху…
Шӯҳрати Р. к записи Чанд мулоҳиза пас аз анҷоми ду…
бекорчи к записи Чаро ПМТ воқеънигартар аз режи…
Amir к записи Мавҷуда Соҳибназарова: “Чаро и…
  • Он сӯи хабарҳо
  • Тафсири Қуръони Карим
  • Усули дин дар Қуръони Карим
  • Омӯзиши фалсафа
  • Посух ба пурсишҳо
  • Муносибатҳо
  • Спутник (тоҷикӣ)
  • Форс
  • Манобеи исломӣ
  • Ахбор
  • Зиндониён
  • Tajinfo
  • Вебнавишти М.Ризоӣ
  • ASIA-Plus
  • Паём
  • Тобнок
  • Кимиёи саодат (форсӣ)
  • Хонавода
  • Тасним
  • ParsToday
  • БгиДега
  • Исно
  • Ирно
  • АОТ
  • ТоҷикПресс
  • VostokNews











Пурсиш: Суол ин аст, ки оё сеҳр ва ҷодугарӣ бар саломати инсон ва кору зиндагиаш таъсиргузор аст? Оё ин як хурофот аст ё хақиқат? Агар касе вуҷуди сеҳр ва ҷодугариро инкор кунад, кофир мешавад? Агар чунин чизе вуҷуд дорад, инсон дар муқобилаш бояд чӣ кунад?

Ва суоли дигар: бархе домуллоҳои мо ба баъзе чизҳое дуо мехонанд, масалан дар пӯсти оҳу дуо менависанд ва мегӯянд, ҳамроҳат дор, ҳеч чизе ба ту осеб намерасонад. Як нафаре чизи дигар нақл кард, намедонам то куҷо ҳақиқат дорад: шармгоҳи гургро дуо хонда ҳамроҳи худ нигоҳ медоштааст, то касе осеб нарасонад.

Ин мисолҳо бисёр хандадор ба назарам ҳастанд, вале мехоҳам ба ин мавзӯъ рушанӣ андозед, чун мардум аз роҳ мунҳариф мешаванд ва хурофот ончунон реша давондааст, ки ман гиребонамро дар баъзе ҳолат мегирам.

Посух: Ба номи Худо, посухи пурсишҳои шуморо дар нукоти зерин хулоса мекунам:

1. Лозим аст дар оғоз ин ҳақиқатро ёдовар бишавам, ки бештари ин гуна боварҳо (навиштани дуо дар пӯсти оҳу ва ба ҳамроҳ доштани он, хондани дуо дар шармгоҳи гург ва ғайра аз ин қабил музахрафот), ки мутаассифона миёни мардум бисёр ривоҷ пайдо кардааст, на поя ва асоси ақлӣ доранд ва на асоси динӣ.

Албатта, намехоҳам асли воқеияти сеҳр ва ҷодуро инкор кунам. Зеро бахше аз сеҳр ва ҷоду воқеият дорад (ки дар зайл хоҳам гуфт), вале нуктаи муҳим ин аст, ки имрӯзҳо касоне, ки ба ин гуна корҳо машғуланд ва дӯкони дуонависӣ барои боз ё бастани бахти касе доир кардаанд, ҳадафашон аз ин корҳо, фақат иртизоқ ва пул кор кардан аст.

Дар рӯзгори мо мардуми ҷаҳон — аз ғарб то шарқ ва аз шимол то ҷануб — гирифтори мушкилот ва саргардониҳои зиёде шудаанд ва иллати мушкилоти худро дар дахолат доштани сеҳр ва ҷоду ва тилисм ва ё баста шудани бахти худ решаёбӣ мекунанд, бидуни он ки сеҳру ҷоду воқеан кучактарин дахолате дар корашон дошта бошад. Як нафар, ки барояш хостгор наояд, далелашро сеҳру ҷоду мепиндорад ва онгоҳ пеши як шайёд меравад ва ин шайёд ҳам масалан “дуо” менависад. Ва ё як нафар вақте дар кораш муваффақ нашавад, фикр мекунад иллаташ сеҳру ҷоду аст.

2. Нуктаи дуввум он ки сеҳр аз назари Қуръони Карим, ба ду бахш тақсим ме‏шавад:

а) Як қисми он ҳамон аст, ки мо ба унвони шӯъбада ва чашм‏бандӣ мешиносем. Дар Қуръони Карим онҷо, ки дар бораи соҳирони Фиръавн сухан ба миён меоварад, мефармояд:

فَإِذا حِبالُهُمْ وَعِصِیُّهُمْ یُخَیَّلُ إِلَیْهِ مِنْ سِحْرِهِمْ أَنَّها تَسْعى

Ресмонҳо ва асоҳои онон (ҷодугарони замони Мӯсо (а)) бар асари сеҳрашон, чунон ба назар мерасид, ки гӯё ҳаракат мекунанд.” (Сураи Тоҳо, ояти 66) Яъне, онҳо чунон чирадаст буданд, ки коре мекарданд, ки дар назари мардум вонамуд мешуд, ки ҳаракат мекунанд, вале ҳақиқат надоштанд. Дар ояти дигар омадааст:

فَلَمَّا أَلْقَوْا سَحَرُوا أَعْیُنَ النَّاسِ وَاسْتَرْهَبُوهُمْ

Ҳангоме ки (асоҳои худро) афканданд, мардумро чашмбандӣ карданд ва тарсонданд…” (Сураи Аъроф, ояти 116)

Аз ин ду оят равшан мешавад, ки ин навъ аз сеҳр ҳақиқате надорад ва наметавонад дар ашё таъсире бигузорад, балки ин чашмбандии соҳирон аст.

б) Аммо аз баъзе оятҳои Қуръони Карим истифода ме‏шавад, ки бархе аз анвоъи сеҳр ба ростӣ асар ме‏гузорад, мисли ин ояти карима:

وَاتَّبَعُوا مَا تَتْلُو الشَّيَاطِينُ عَلَىٰ مُلْكِ سُلَيْمَانَ ۖ وَمَا كَفَرَ سُلَيْمَانُ وَلَٰكِنَّ الشَّيَاطِينَ كَفَرُوا يُعَلِّمُونَ النَّاسَ السِّحْرَ وَمَا أُنزِلَ عَلَى الْمَلَكَيْنِ بِبَابِلَ هَارُوتَ وَمَارُوتَ ۚ وَمَا يُعَلِّمَانِ مِنْ أَحَدٍ حَتَّىٰ يَقُولَا إِنَّمَا نَحْنُ فِتْنَةٌ فَلَا تَكْفُرْ ۖ فَيَتَعَلَّمُونَ مِنْهُمَا مَا يُفَرِّقُونَ بِهِ بَيْنَ الْمَرْءِ وَزَوْجِهِ ۚ وَمَا هُم بِضَارِّينَ بِهِ مِنْ أَحَدٍ إِلَّا بِإِذْنِ اللَّهِ

Ва (яҳуд) аз он чӣ шаётин дар асри Сулаймон бар мардум мехонданд, пайравӣ карданд. Сулаймон ҳаргиз (даст ба сеҳр наёлуд ва) кофир нашуд, вале шаётин куфр варзиданд ва ба мардум сеҳр омӯхтанд. Ва (низ яҳуд) аз он чӣ бар ду фариштаи Бобил Ҳорут ва Морут нозил шуд, пайравӣ карданд. (Он ду фаришта роҳи сеҳр карданро барои ошноӣ бо тарзи ботил сохтани сеҳр ба мардум ёд медоданд) ва ба ҳеч кас чизе ёд намедоданд, магар ин ки аз пеш ба ӯ мегуфтанд: мо василаи озмоишем, кофир нашав (ва аз ин таълимот суистифода накун). Вале онҳо аз он ду фаришта матолиберо меомӯхтанд, ки битавонанд ба василаи он, миёни мард ва ҳамсараш ҷудоӣ биафкананд. Вале ҳеч гоҳ наметавонанд бидуни иҷозаи Худованд ба инсоне зиён бирасонанд…” (Сураи Бақара, ояти 102)

Чунон ки аз ин оят равшан аст, ин навъ аз сеҳр бале таъсир дорад. Аммо нуктаи муҳим он аст, ки оят мефармояд, ҳатто ин навъ аз сеҳр низ бидуни иҷозаи Худованд таъсиргузор намебошад. Ва ҳамин навъ аз сеҳр аст, ки ёд гирифтан ва ба кор бурдани он барои ҷудоӣ афкандан миёни зану шавҳар ё корҳое дигар, аз назари ислом ҳаром ва аз гуноҳони кабира дониста шудааст.

Аз ин рӯст, ки фуқаҳои исломӣ ба иттифоқ гуфтаанд, ки ёд гирифтан ва ба кор бурдани сеҳр ва ҷодугарӣ ҳаром аст ва касе, ки бо сеҳр машғул мешавад, кофир хоҳад шуд. Бале, агар ботил кардани як сеҳр роҳаш фақат аз тариқи сеҳр муяссар бошад, дар ин сурат ёд гирифтани он (фақат барои ботил намудани сеҳр) эроде надорад.

3. Ва аммо роҳҳои ботил кардани сеҳр:

Пеш аз баёни роҳҳои шаръии ботил кардани сеҳр, лозим аст ин нуктаро ёдовар бишавам, ки хеле вақтҳо мо асири хиёлот ва авҳоми худ мешавем ва гумон мекунем, ки касе моро сеҳру ҷоду кардааст, дар ҳоле ки воқеият чунин нест. Аксари касоне, ки гумон мекунанд сеҳр шудаанд, агар шумо дуруст ба эшон таваҷҷӯҳ кунед, мебинед одамони бисёр содда ва зудбовар ҳастанд. Вақте касе ба онҳо бигӯяд ту сеҳр шудаӣ, зуд боварашон мешавад ва ба худашон ин боварро талқин мекунанд, ки ман сеҳр шудаам! Ва аҳёнан, ҳамин талқинҳо боис мегардад, дар руҳу равонашон ихтилол эҷод шавад. Он вақт ҳам, ки пеши як “мулло” мераванд ва ӯ ҳам барояшон дуо мехонад, агар ҳам дуруст шуданд, ин дуруст шуданашон низ бар асари талқин аст. Яъне ба худашон талқин мекунанд, ки ҳоло таъсири сеҳр дигар аз байн рафта ва ё ҷинн масалан аз баданашон хориҷ шуда! Дар воқеъ, “мулло” дар ин миён, дуруст нақши як равонпизишкро ифо кардааст.

Бинобар ин, инсон барои хиёлотӣ нашудан ва содда набудан ва зудбовар набудан, бояд бештар бо воқеиятҳо зиндагӣ кунад, бисёр мутолеа кунад, дар ҳамаи чизҳо ақлонӣ фикр кунад, на бо эҳсос.

Хуб, ба ҳар сурат, ҳоло агар як нафар воқеан сеҳр шуда бошад ва касе ӯро сеҳр карда бошад, дар манобеи исломӣ роҳҳое барои ботил кардани сеҳр ва ё куллан роҳҳое, ки пеши таъсири сеҳрро мегирад, тавсия шудааст, ки ба порае аз онҳо ишора мекунам:

1. Ҳар рӯз садақа бидиҳад ва “Оятулкурсӣ” ва сураҳои “Нос” (Қул аъузу бираббин-нос…) ва “Фалақ” (Қул аъузу бираббил-фалақ…)-ро бихонад;

2. Ҳар рӯз ин оятҳои шарифаро бихонад:

وَإِن يَكَادُ الَّذِينَ كَفَرُوا لَيُزْلِقُونَكَ بِأَبْصَارِهِمْ لَمَّا سَمِعُوا الذِّكْرَ وَيَقُولُونَ إِنَّهُ لَمَجْنُونٌ. وَمَا هُوَ إِلَّا ذِكْرٌ لِّلْعَالَمِينَ

إِنَّ رَبَّكُمُ اللَّهُ الَّذِي خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ فِي سِتَّةِ أَيَّامٍ ثُمَّ اسْتَوَىٰ عَلَى الْعَرْشِ يُغْشِي اللَّيْلَ النَّهَارَ يَطْلُبُهُ حَثِيثًا وَالشَّمْسَ وَالْقَمَرَ وَالنُّجُومَ مُسَخَّرَاتٍ بِأَمْرِهِ ۗ أَلَا لَهُ الْخَلْقُ وَالْأَمْرُ ۗ تَبَارَكَ اللَّهُ رَبُّ الْعَالَمِينَ

ادْعُوا رَبَّكُمْ تَضَرُّعًا وَخُفْيَةً ۚ إِنَّهُ لَا يُحِبُّ الْمُعْتَدِينَ. وَلَا تُفْسِدُوا فِي الْأَرْضِ بَعْدَ إِصْلَاحِهَا وَادْعُوهُ خَوْفًا وَطَمَعًا ۚ إِنَّ رَحْمَتَ اللَّهِ قَرِيبٌ مِّنَ الْمُحْسِنِينَ

3. Ин ҷумалотро рӯи коғазе бинависад ва дар порчае бипечад ва ҳамроҳи худ дошта бошад:

بسم الله وبالله، بسم الله وما شاء الله، بسم الله ولا حول ولا قوّه إلاّ بالله. قال موسي ما جئتم به السحر إنّ الله سيبطله إنّ الله لا يصلح عمل المفسدين فوقع الحقّ وبطل ما كانوا يعملون فغلبوا هنالك وانقلبوا صاغرين

قالَ لَهُمْ مُوسى‏ أَلْقُوا ما أَنْتُمْ مُلْقُونَ فَلَمَّا أَلْقَوْا قالَ مُوسى‏ ما جِئْتُمْ بِهِ السِّحْرُ إِنَّ اللَّهَ سَيُبْطِلُهُ إِنَّ اللَّهَ لا يُصْلِحُ عَمَلَ الْمُفْسِدِينَ. وَيُحِقُّ اللَّهُ الْحَقَّ بِكَلِماتِهِ وَلَوْ كَرِهَ الْمُجْرِمُونَ. وَقَدِمْنا إِلى‏ ما عَمِلُوا مِنْ عَمَلٍ فَجَعَلْناهُ هَباءً مَنْثُوراً. بَلْ نَقْذِفُ بِالْحَقِّ عَلَى الْباطِلِ فَيَدْمَغُهُ فَإِذا هُوَ زاهِقٌ وَلَكُمُ الْوَيْلُ مِمَّا تَصِفُونَ. وَأَلْقِ ما فِي يَمِينِكَ تَلْقَفْ ما صَنَعُوا إِنَّما صَنَعُوا كَيْدُ ساحِرٍ وَلا يُفْلِحُ السَّاحِرُ حَيْثُ أَتى.‏ فَأُلْقِيَ السَّحَرَةُ سُجَّداً قالُوا آمَنَّا بِرَبِّ هارُونَ وَمُوسى‏

Ва аммо аз ҳама муҳим он аст, ки дар хондани намозҳои панҷгонааш сустӣ накунад, ҳамеша бо вузӯ бошад, ҳар рӯз ақаллан чанд сафҳа аз Қуръон бихонад. Зеро касе ки бо Қуръон маънус аст, аз таъсири сеҳру ҷоду дар амон аст иншоаллоҳ.

Саломат бошед

Сайидюнуси Истаравшанӣ



Сабабҳои пайдоиши остеохандроз

Системаи асаби инсон як навъ муаммоест, ки онро бо ламс намудан муайян кардан душвор аст. Торҳои асаб тамоми вуҷуди моро фаро гирифтааст. Вақте ки яке аз торҳои асаб бо сабабе суст шаванд, дар ҷисми худ ноҳинҷории зиёде ҳис мекунем. Торҳои асаб аз ретсепторҳои ба чашми оддӣ ноаён иборатанд, ки бо ҳам якҷоя шуда торҳои асаби нисбатан ғафсро ташкил медиҳанд ва то ҳароммағз мерасанд. Диаметри тори асаби одами калонсол 1 – 1,5 сантиметрро ташкил медиҳад.


Агар саривақт ин ноҳинҷорӣ муолиҷа нашавад, он ба дард табдил меёбад. Дард ногаҳонӣ сурат мегирад, чунончӣ, ҳангоми якбора тоб додани сар ва ё бетайёрӣ хам шудан, ки мо бошем инро рагкашии гардан ва ё дарди миён меномем. Ҳол он ки дар сурати зарб хӯрдани асабҳо дар дохили канали сутунмӯҳра, сохтори сутунмӯҳра тағйир ёфта, кас гирифтори остеохандроз мешавад. Дискҳои миёни сутунмӯҳра бо сабаби бузургсолӣ ва норасоии моддаҳои ғизоӣ тунук мешаванд. Бинобар ин, устухонҳо ба торҳои асаб мерасанд.

Дарди доимии миён натиҷаи таъсиррасонии ҳамин устухонҳо ба торҳои асаби сутунмӯҳра аст, ки дарди онро метавон бо гармии хушк таскин бахшид. Баъзеҳо ҳангоми дарди миён малҳам ва ё гелҳои гармкунанда мемоланд. Ҳол он ки бетавсияи духтур ин гуна муолиҷа ба ҷои фоида зарар мерасонад. Зеро духтури асабшинос сабаби осеб дидани асабро муайян намуда, баъд табобат мефармояд. Агар осебёбии асаб дар натиҷаи таъсири дискҳои сутунмӯҳра рух дода бошад, истифодаи марҳамугелҳои гармкунанда зарар мерасонад.

Бинобар ин, пеш аз истифодаи онҳо аз духтур маслиҳат гирифтан заруртар аст. Агар Шумо аксари рӯзи кориатонро дар ҳолати нишастан мегузаронида бошед, баъди ҳар 30 – 40 дақиқа танаффуси кӯтоҳ карда, ҳаракат намуданатон зарур аст. Машқҳои сабук, хаму рост шудан, ба паҳлӯ хам шудан барои давидани хун ва фаъолшавии асабҳо кӯмак мерасонад. Зимни авҷгирии остеохандроз то поёнёбии табобат аз варзиш чанд муддат худдорӣ бояд кард.

Ба ин саволи хонанда Нодира Маҳмудова, акушер-гинеколог, духтури дараҷаи олӣ, Аълочии тандурустии ҶТ чунин посух гуфт:

-Дар ин маврид ду андеша вуҷуд дорад. Якум, набояд, ки зан ҳамхобагӣ кунад, зеро он барои тифли оянда хатарзо мебошад. Дигар гурӯҳи одамон андешаи мусбат доранд. Яъне, барои васеъ шудани роҳҳои таваллуд муфид мебошад.
Андешаи якумро метавон дастгирӣ кард, зеро дар се моҳи аввали давраи ҳомиладорӣ, ҳиссиёти ногуворро дар пистонҳояш дида, ҳолати рӯҳияшон тез-тез тағйир меёбад. Вақте ҷанин инкишоф меёбад, шикам калон шудан мегирад, ки на танҳо барои анҷоми кору бори хона, ҳатто роҳгардӣ мушкил мешавад.
Муносибати маҳрамона барои тифли оянда бехатар буда, дар ҳама ҳолат бо тавсияи духтурон мебояд амал кард.

Чаро муносибати маҳрамонаро манъ мекунанд?
Агар хатари афтодани ҷанинро табибон муайян карда бошанд, дар ин сурат муносибати маҳрамона ба занҳои ҳомила манъ карда мешавад, зеро дар ин ҳолат зоиши бармаҳал имконпазир аст. Ё ин ки зан баъди хонадорӣ хунобча бинад, мард гирифтори замбурӯғи (герпес) шадиди узвҳои ҷинсӣ бошад, дар чунин ҳолатҳо ба ҳомиладорон алоқаи ҷинсӣ тавсия дода намешавад. Дар ин ҳолат кӯшиш намоед, ки шикамро зер накунед. Дар маҷмӯъ гӯем, зани хомиладор бояд тавре ҳамхобагӣ кунад, ки барояш мувофиқ ва бедард бошад.
Лозим ба ёдоварист, ки муносибати маҳрамона ҳам дар зан ва ҳам дар мард ҳормони эндорфин хориҷ мешавад. Номи дигари ин ҳормон, ҳормони хушбахтист, ки аз модар ба ҷанин таъсири мусбат расонида, ҳолати болидарӯҳиро эҳсос мекунад. Ин ҳолати ҷанин барои модарон аз ҳамаи чиз болову зарур аст.
Умуман, ҳамхоба шудан бо шавҳарро дар ҳар маврид духтури акушер — гинеколог ба таври индивидуалӣ, бо назардошти саломативу вазъи ҷанини дар батнбуда муайян месозад.


Ҳар дафъае, ки барои табобати наракҳои рӯям ба назди табиби пӯст меравам, аз ташхис гузаштанро тавсия медиҳад. Чаро нараки пӯсти рӯйро бо узвҳои даруна алоқаманд месозанд? Умуман, чӣ бояд кард, ки наракҳои пӯст кам шаванд?

Мадина, ш. Душанбе
Худ аз худ дар рӯйи инсон рихинак, яъне нарак пайдо намешавад. Баромадани нарак сабабҳои зиёде дорад. Барои аз наракҳо халос шудан пеш аз ҳама сарчашмаи пайдоиши онҳоро муаян кардан лозим аст. Инак, 10 сабаби асосии баромадани нарак дар рӯй.

Сабаби якум-бемории узвҳои ҳозима
Сабаби аввалини баромадани нарак дар рӯй бемории узвҳои ҳозима мебошад. Аз ташхиси духтури гастроэнтеролог гузаред ва табобатҳои фармудаашро бигиред. Кӯшиш намоед, ки ҳарчи камтар ғизои зарарнокро истеъмол намоед. Миқдори чарбро дар хӯрокатон кам созед.

Сабаби дуюм-ҷигар
Мабодо ҷигаратон бемор бошад, машрубот, хӯроки равғанин ва маҳсулоти шириро аз рӯихати хӯрокатон хат занед. Кӯшиш намоед, ки ҳамарӯза машқҳои сабуки ҷисмониро иҷро намуда, аз хоб сер кунед.

Сабаби сеюм-гурда
Тамоми ноҷуриҳои пӯсти атрофи чашм, аз ҷумла сиёҳ шудани пӯсти ин мавзеъ аз бемории гурдаҳо ва дарак медиҳад. Гурдаҳоятонро табобат намоед, он гоҳ солиму зебо хоҳед гашт.

Сабаби чорум-дил
Дилатонро кардеограмма кунед, фишори хун ва сатҳи витамини B- ро санҷида бинед. Истеъмоли хӯрокҳои тезу тунд ва гӯштро кам карда, дар ҳавои тоза бештар гаштугузор намоед, илова бар ин, ҳатман сатҳи холестеринро паст кардан лозим аст. Бонувон бояд саннаи истеҳсоли косметика ва воситаҳои пардозиро дида бароянд, зеро малҳаму упои куҳна низ боиси пайдоиши нараки пӯст гашта метавонад.

Сабаби панҷум-нӯшокиҳои газнок
Кока-кола, арси-кола ва қаҳваю машрубот ҷисмро беоб месозанд. Нӯшидани ин нӯшокиҳоро маҳдуд созед.

Сабаби шашум-иллатҳои роҳҳои нафас
Шумо сигор мекашед? Аллергия доред? Дар ҳақиқат чунин бошад, ин мушкили калон ва шифо ёфтани шумо душвор аст. Сигор намекашида бошеду аллергия надошта бошед, ҷисматонро гармохунук накунед, бештар маҳсулоти хунуккардаро истеъмол намуда, қандро кам хӯред. Маҳсулотҳое, ки дар ҷисм турширо ба вуҷуд меоранд, аз қабили гӯшт, маҳсулоти ширӣ, машрубот, кофеин, қанд зарарноканд, хӯрдани ин ғизоҳоро кам карда, бештар сабзавот истеъмол намоед.

Сабаби ҳафтум-бозии ҳормонҳо
Тағйироти ҳормонӣ бар асари стресс рух медиҳад. Реҷаи рӯзро риоя намудан, дар як рӯз на кам аз 8 соат хобидан, миқдори даркории обро нӯшидан ва сабзавоти сабзро истеъмол намудан муфид аст.

Сабаби ҳаштум-ғизои носолим
Ғизои носолим низ метавонад боиси баромадани нарак дар рӯй гардад. Хӯроки аз ғоз (клетчатка) ғаниро истеъмол намуда, заҳру таҳшинҳоро кам созед. Барои беҳтар сохтани ҳазми хӯрок гиёҳчой нӯшед.

Сабаби нуҳум-бемориҳои инфексионӣ
Пайдо шудани нарак дар пӯсти рӯй аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҷисми шумо бо микробҳо мубориза бурда истодааст, то ки аз беморӣ амон монад. Ҳарчи зудтар аз ташхис гузашта, аз паси табобат шавед.

Сабаби даҳум-камобии ҷисм
Вақте ки ҷисми инсон ба миқдори зарурӣ бо об таъмин нест, дар рӯяш ҳар хел доғҳо ва нарак пайдо мешавад. Ҷавону зебо мондан хоҳед, бештар об нӯшед ва кӯшиш намоед, ки дар як шабонарӯз на камтар аз 8 соат хоб равед. Хоби бароҳат ва нӯшидани оби зиёд кафили зебоии бардамии зан мебошад.

Читайте также: